Ёр ҳар дам сари бозори дигар металабад

Ёр ҳар дам сари бозори дигар металабад,
Чашмҳо чор, харидори дигар металабад.

Кас наёрад, ки зи кораш саре орад берун,
Гарчи ҳар лаҳза сару кори дигар металабад.

Дод бар боди ҳаво дину диламрову кунун
Баҳри ин кор ҳаводори дигар металабад.

Воизам, гӯ, мадеҳ аз накҳати фирдавс хабар,
Дили ман бӯй зи гулзори дигар металабад.

Сад гирифтор ба ҳар ҳалқаи зулфаш беш аст
В-ӯ ба ҳар ҳалқа гирифтори дигар металабад.

Ёфт дил давлати ҷовид ба як дидораш
В-аз Худо давлати дидори дигар металабад.

Ҷомӣ, он маҳ зи ту хуш нест ба васфи дигарон,
Баҳри худ дафтари ашъори дигар металабад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»