Гарчи сад ҷон дар раҳи ҷонон зиён хоҳем кард

Гарчи сад ҷон дар раҳи ҷонон зиён хоҳем кард,
Ҳар чӣ хоҳад хотири ӯ, ончунон хоҳем кард.

Дар дилаш ҷунбид меҳр аз нолаи мо андаке,
Андак-андак бо худ ӯро меҳрбон хоҳем кард.

Чорасози мо нашуд кас дар ҳама рӯйи замин,
Баъд аз ин рӯйи дуо бар осмон хоҳем кард.

Ошноёни ҷаҳонро нест ойини вафо,
Ошноӣ бо саги он остон хоҳем кард.

Нест ғайр аз достони ӯ забонро ҳеҷ ком,
То забон бошад ба ком, ин достон хоҳем кард.

Новаки ӯ кард ҷо дар устухони мо чу мағз,
Қути ҷон з-ин пас зи мағзи устухон хоҳем кард.

Баски дар васфи лаби нӯшини ӯ шаккар шикаст,
Номи Ҷомӣ тӯтии ширинзабон хоҳем кард.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»