Аз он бо кӯҳи ғам Фарҳод даст андар камар дорад

Аз он бо кӯҳи ғам Фарҳод даст андар камар дорад,
Ки Парвиз аз лаби Ширин даҳоне пуршакар дорад.

В-аз он дар бодия ҳайрон равад Маҷнуни саргардон,
Ки дар ҳай¹ ҳусни Лайлӣ ҷилва бо ёри дигар дорад.

Суйи боғам махон, ай хоҷаи деҳқон, чӣ суд, охир,
Зи боғе дар назар онро, ки доғе бар ҷигар дорад!

Куҷо дар кӯйи ту ёд орад аз фарши ҳарир он кас,
Ки хор андар таҳи паҳлӯву хоро зери сар дорад?!

Чӣ ҳадди чун мане аз рух кашидан зулфи мушкинат,
Бар ин давлат агар дорад сафир, боди саҳар дорад.

Беҳ аз тобут маҳмил нест в-аз аҳбоб маҳмилкаш,
Гар аз хоки дарат оворае рӯ дар сафар дорад.

Ба пеши тири ту сина сипар шуд в-ин дили нолон
На чандин нола аз тири ту дорад, аз сипар дорад.

Ҳунар ишқ асту доноӣ зи илму ақл яктоӣ,
Хуш он кас, к-ӯ диле донову ҷоне пурҳунар дорад.

Шудӣ ошиқ, ба пойи дӯст нақди ҷон фишон, Ҷомӣ,
Набошад ошиқ он, к-аз дӯст ҷонро дӯсттар дорад.


1 Ҳай – деҳ, қабила, қавм.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»