Зи шавқат сӯхтам, ҳар кас ба кӯят хонае созад

Зи шавқат сӯхтам, ҳар кас ба кӯят хонае созад,
Чӣ хуш бошад, ки аз хокистари ман тарҳаш андозад.

Агар дар кулбаам ҳамсоя рӯ орад пайи оташ,
Чунон сӯзад зи оҳи ман, ки бо оташ напардозад.

Танаш вайронаи дард асту мурғи дил дар ӯ чуғзе,
Ки ҳар дам ҷустуҷӯйи ганҷи васлат аз сар оғозад.

Ҳаменозам ба ишқи ту, ки шӯхе чун ту кам дидам,
Ки қадри ҳусни худ донад, ба қадри ҳусни худ нозад.

Ба ҳар маҷлис, ки бар ёди рухат аз дил барорам дам,
Ҳама парвонаҳоро пар бисӯзад, шамъ бигдозад.

Набинам бар бисоти хубиям ҳамто, хуш он ошиқ,
Ки шатранҷи муҳаббат бо рухи хуби ту мебозад!

Чу файзи баҳри табъи шоҳ бахшад гавҳари маънӣ,
Сазад, гар хомаи Ҷомӣ ба он гавҳар сар афрозад!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»