Имшаб сабуктар мезананд ин табли беҳангомро

Имшаб сабуктар мезананд ин табли беҳангомро,
Ё вақти бедорӣ ғалат будаст мурғи бомро¹?

Як лаҳза буд ин ё шабе, к-аз умри мо тороҷ шуд?
Мо ҳамчунон лаб бар лабе, нобаргирифта комро.

Ҳам тозарӯям, ҳам хаҷил, ҳам шодмон, ҳам тангдил,
К-аз аҳд берун омадан натвонам ин инъомро².

Гар пой бар фарқам ниҳӣ, ташрифи³ қурбат медиҳӣ,
Ҷуз сар намедонам ниҳодан узр ин ақдомро.

Чун бахти неканҷомро бо мо ба куллӣ сулҳ шуд,
Бигзор, то ҷон медиҳад, бадгӯи бадфарҷомро.

Саъдӣ алам шуд дар ҷаҳон, сӯфию омӣ гӯ, бидон,
Мо бутпарастӣ мекунем он гаҳ чунин асномро⁴.


¹ Хурӯси саҳархон.
² Неъмат додан.
³ Хилъат, либосе, ки бузургон бибахшанд.
⁴ Ҷамъи санам: бутҳо.