Абдураҳмони Ҷомӣ

Ёр рафт аз чашму дар дил хор-хори ӯ бимонд

Ёр рафт аз чашму дар дил хор-хори ӯ бимонд,
Бар ҷигар сад доғи ҳасрат ёдгори ӯ бимонд.

Рӯйи гардолуди худ бар хок судам ҳар куҷо,
К-аз суми маркаб нишон бар раҳгузори ӯ бимонд.

Гарчи баргаштан зи умри рафта натвон дошт чашм,
Умрҳо чашмам ба роҳи интизори ӯ бимонд.

Гирди рухсораш на хаттест, он ки чун зулфаш зи бод
Анбарафшон гашт, гарде бар узори ӯ бимонд.

Сарви ман бигзашт бар тарфи чаман доманкашон,
Шохи гул бо он латофат шармсори ӯ бимонд.

Завқи марҳам нест маҷрӯҳи хаданги дӯстро,
Захми пайкон беҳ, ки дар ҷони фигори ӯ бимонд.

Дур аз он лабҳои майгун монд Ҷомӣ талхком,
Роҳати май рафту ташвиши хумори ӯ бимонд.