Хабари омадани ёр дилам хуррам кард

Хабари омадани ёр дилам хуррам кард,
Лек ноомаданаш ҳоли маро дарҳам кард.

Шодие нест, ки сад гуна ғамаш нест зи пай
Ай хуш он кас, ки дар ин ғамкада хӯ бо ғам кард!

Кай тавонам, ки зи бунёд канам хори ғамаш,
Беҳ аз ин сон ки дар обу гили ман муҳкам кард.

Гар нагирям мани дилдода, на аз бедардист,
Гармии оташи дил чашми маро бенам кард.

Дар чаман сарви сиҳиро на тамоил зи сабост,
Пушти худ пеши қади ӯ ба тавозуъ хам кард.

Шарҳ пеши кӣ кунам ин ду шикоят зи фалак:
Ки буридаш зи ману бо дигарон ҳамдам кард.

Нек рӯдест нами дидаи Ҷомӣ, ки ба он
Дод рахти худу падруди ҳама олам кард.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»