Бо ҷигарсӯхтагон ёр набудӣ ҳаргиз!

Бо ҷигарсӯхтагон ёр набудӣ ҳаргиз!
Ҷуз ҷафоҷӯю ситамгор набудӣ ҳаргиз!

Бо ҳама халқи ҷаҳон дар садади марҳаматӣ,
Ҷуз ба мо бар сари озор набудӣ ҳаргиз!

Чӣ диҳам шарҳ туро доғи гирифтории ҳаҷр,
Чун бад-ин доғ гирифтор набудӣ ҳаргиз?!

Ҳоли ҷон кандани танҳоии ман кай донӣ,
Чун ту як лаҳза дар ин кор набудӣ ҳаргиз!

Мо чу хорему ту гул, ваҳ, ки зи бас шавкати ҳусн
Дода доман ба кафи хор набудӣ ҳаргиз!

Мункири муътақиди худ шудаӣ дар ҳама умр,
Инчунин бар сари инкор набудӣ ҳаргиз!

Пардаи чашми ту ҳам буди ту омад, Ҷомӣ,
Бигзар аз буди худ, ангор, набудӣ ҳаргиз!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»