Умр бигзашту рухат сер надидам ҳаргиз

Умр бигзашту рухат сер надидам ҳаргиз,
Гуле аз боғи ҷамоли ту начидам ҳаргиз!

Ҳама ҷо гаштаму ҳоли ҳама кас пурсидам,
Чун ту бадхӯй надидам, нашунидам ҳаргиз!

Аз бутон меҳнати бисёр кашидам, лекин
Меҳнате, к-аз ту кашидам, накашидам ҳаргиз!

Гар буридам зи ту, аз нозукии хӯйи ту буд,
Аз ту як дам ба дили худ набуридам ҳаргиз!

Гарчи парвозгаҳам равзаи ҳурулъин буд,
Аз сари кӯйи ту он сӯ напаридам ҳаргиз!

То ба гирди маҳат аз ғолия хирман дидам,
Хирмани моҳ ба як ҷав нахаридам ҳаргиз!

Номуродист муродам, зи ту ғам нест, агар
Ҳамчу Ҷомӣ ба муроде нарасидам ҳаргиз!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»