Абдураҳмони Ҷомӣ

Гуфтам: – Аз ту бар дилам ҳар дам кам аз сад ғам мабод

Гуфтам: – Аз ту бар дилам ҳар дам кам аз сад ғам мабод,
Зери лаб хандиду гуфто: – Беш боду кам мабод.

Гуфтамаш: – Андешаи корам шуд аз зулфи ту гум,
Гуфт: – Кори кас чунин ошуфтаву дарҳам мабод.

Гуфтамаш: – Баҳри ту мерезам зи мижгон дурри ашк,
Гуфт: – Ё Раб, ҳаргиз ин абри карам бе нам мабод.

Гуфтамаш: – Шуд қоматам чун ҳалқа, ашкам чун нигин,
Гуфт: – Ҷуз ҳарфи вафоям нақши ин хотам мабод.

Гуфтам: – Аз ҳиҷрон набошад мотаме ҷонсӯзтар,
Гуфт: – Дар ҷони муҳиббон доғи ин мотам мабод.

Гуфтамаш: – Дорам диле пурдард бе пайкони ту,
Гуфт: – Ё Раб, ҳеҷ касро дарди бемарҳам мабод.

Гуфтам: – Аз ишқи ту холӣ нест дар олам касе,
Гуфт: – Ҷомӣ, ҳар кӣ ошиқ нест, дар олам мабод!