Ҷону дил пайванд кун бо ёри бемонанди хеш

Ҷону дил пайванд кун бо ёри бемонанди хеш,
Ҳар чӣ ғайр аз ишқи ӯ банд аст, бигсил банди хеш.

Ӯ ба зоти худ ғании мутлақ омад, лек ҳаст
Дар зуҳури ин ғано муҳтоҷи ҳоҷатманди хеш.

Зоҳид аз наззораи хубон маро савганд дод,
Ҷилвагар з-эшон туӣ, чун нашканам савганди хеш?

Ҳеҷ чизе нест пеши дидаи ориф ҳиҷоб,
Ӯ ба ишқи туст машъуфи зану фарзанди хеш.

Оламеро гӯши ақлу ҳуш бар гуфтори туст,
Муҳри хомӯшӣ кушо аз лаъли шаккарханди хеш.

Носеҳи мушфиқ диҳад пандам, ки тарки ишқ гӯй,
Рӯй бинмо, то кашад шармандагӣ аз панди хеш.

Ёри бемонанди мо фард аст, Ҷомӣ, аз ду кавн,
Фард шав, то бар хурӣ аз ёри бемонанди хеш.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»