Ба соид то ниҳод он симбар доғ

Ба соид то ниҳод он симбар доғ,
Диле дорам зи дасташ доғ бар доғ.

Ба тан то дидаам, к-ӯ доғҳо сӯхт,
Бувад сад доғ бар ҷонам зи ҳар доғ.

Ба доғи хеш сӯзад дигаронро,
Набошад ошиқонро з-ин батар доғ.

Зи доғи шавқу сӯзи фурқати ӯст,
Агар захм аст бар ҷонам в-агар доғ.

Маро аз доғи ӯ рӯйи беҳӣ нест,
Зи бас дорам ба рӯйи якдигар доғ.

Зи доғаш бар дилам дерина решест,
Ки набвад судманд онро магар доғ.

Чу Ҷомӣ доғ аз вай бар ҷигар хост,
Ба бедоғӣ ниҳодаш бар ҷигар доғ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»