Биё, ай зи сар то қадам ҷони пок

Биё, ай зи сар то қадам ҷони пок,
Зи ҳар тан хитоби ту: – Рӯҳӣ фидок!

Зи дасти туам ҳар чӣ ояд хуш аст,
Чӣ Оби Ҳаёту чӣ заҳри ҳалок!

Ба хоки дарат саҷда мехостам,
Вале бурдам ин орзуро ба хок.

Маро то хаёли ту шуд мурғи дом,
Қафасвор дорам дили чок-чок.

Ба базми хароботиёни ғамат
Агар нест қандили равшан, чӣ бок?!

Ҳамин бас, ки пири муғон барфурӯхт
Ба ҷоми май ин тирадайри мағок.

Ба роҳи ту Ҷомӣ ниҳода-ст сар,
Дили дардманду рухи гарднок.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»