GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 36. То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст

То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст,
Дили савдозада аз ғусса дуним афтодаст.

Чашми ҷодуи ту худ айни саводи сеҳр аст,
Лекин ин аст, ки ин нусха сақим афтодаст.

Дар хами зулфи ту он холи сияҳ донӣ, чист?
Нуқтаи дуда, ки дар ҳалқаи ҷим афтодаст.

Зулфи мушкини ту дар гулшани фирдавси узор
Чист? Товус, ки дар боғи наим афтодаст.

Дили ман дар ҳаваси рӯйи ту, эй мӯниси ҷон,
Хоки роҳест, ки дар дасти насим афтодаст.

Ҳамчу гард ин тани хокӣ натавонад бархост,
Аз сари кӯйи ту з-он рӯ, ки азим афтодаст.

Сояи қадди ту бар қолибам, эй исодам,
Акси рӯҳест, ки бар азми рамим афтодаст.

Он, ки ҷуз Каъба мақомаш набуд аз ёди лабат,
Бар дари майкада, дидам, ки муқим афтодаст.

Ҳофизи гумшударо бо ғамат, эй ёри азиз,
Иттиҳодест, ки дар аҳди қадим афтодаст.

Ҳофизи Шерозӣ 37. Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст
Ҳофизи Шерозӣ 38. Бе меҳри рухат рӯзи маро нур намондаст
Ҳофизи Шерозӣ 39. Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст?
Ҳофизи Шерозӣ 40. Алминнати лиллаҳ, ки дари майкада боз аст
Ҳофизи Шерозӣ 41. Агарчи бода фараҳбахшу бод гулбез аст
Ҳофизи Шерозӣ 42. Ҳоли дил бо ту гуфтанам ҳавас аст
Ҳофизи Шерозӣ 43. Саҳни бӯстон завқбахшу сӯҳбати ёрон хуш аст
Ҳофизи Шерозӣ 44. Кунун, ки бар кафи гул ҷоми бодаи соф аст
Ҳофизи Шерозӣ 45. Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст
Ҳофизи Шерозӣ 46. Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР