Хезед, ҳарифон, ки ба майхона дароем

Хезед, ҳарифон, ки ба майхона дароем,
Салхи¹ рамазон аст, ба май рӯза кушоем.

Дарди сари тасбеҳу таровеҳ шуда охир,
Гулбонгзанон рух ба дари майкада соем.

Ҳар занг, ки аз савми риё ойинаи дил
Баста-ст, ба ҷоми майи софӣ бизудоем.

Тарсам, ки гар имшаб зи қадаҳ даст бидорем,
Фардо зи надомат сари ангушт бихоем.

Мо дурдкашонем, ки ҷамъияти хотир
Дарюзакунон аз назари аҳли сафоем.

Дорем ба каф ойинаи ҷом, ки дар вай
Маҳбуби азалро ба муҳиббон бинамоем.

Он қавм, ки бе сабқи амал аҳли қабуланд,
Ҷомӣ, ба тараб кӯшу қадаҳ нӯш, ки моем.


¹ Салх – рӯзи охирини моҳи рамазон.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»