Не моҳманзаре, ки назарбозие кунам

Не моҳманзаре, ки назарбозие кунам,
Дар пояш уфтода сарафрозие кунам.

Не ошиқе, ки чун ба лаб орад суруди шавқ,
Бо ӯ дар он тарона ҳамовозие кунам.

Не сӯфие, ки чун шавадаш кашф рози ғайб,
Бо ӯ ба кунҷи савмаа ҳамрозие кунам.

Не фозиле, ки чун фиканад дар миён сухан,
Аз назму наср нодирапардозие кунам.

Чун соҳати амал зи куҳантарҳҳо тиҳист,
Шуд вақти он ки тарҳи навандозие кунам.

Дар кунҷи бенавоиву байғӯлаи¹ ҷамол,
Бар чанги фақру фоқа навосозие кунам.

Ҷомӣ, ки дода суду харида зиёни хеш,
Бо ӯ дар он муомала анбозие кунам.


¹ Байғӯла – гӯша, канора.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»