GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай хуррам аз баҳори рухат навбаҳори ишқ

Ай хуррам аз баҳори рухат навбаҳори ишқ,
Дар ҳар диле зи тозагулат хор-хори ишқ.

Ҳарчанд сархушӣ зи майи ҳусн, ёд кун
Моро, ки ҷон расид ба лаб дар хумори ишқ.

Маҳмил ҳамин ба синаи вайрони мо кушод,
Ҳар корвони ғам, ки расид аз диёри ишқ.

Фарқе миёни орифу обид ниҳодаанд,
Ин хуш ба ишқи кор бувад в-он ба кори ишқ.

Гар Кӯҳкан зи пой даромад, чӣ ҷойи таън?
Валлаҳ, ки кӯҳ паст шавад зери бори ишқ!

Ҳар гаҳ хаданги ғамза кушоӣ зи шасти ноз,
Бошад ҳумои сидра¹ фурӯтар шикори ишқ.

Ҷомӣ, мадор ранҷа дил аз фикри оқибат,
Ҳолӣ ба нақд хуш гузарон рӯзгори ишқ.

¹ Сидра – номи дарахти афсонавие дар биҳишт.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Бода пок асту қадаҳ поку ҳарифон ҳама пок
Абдураҳмони Ҷомӣ Мусулмонон, чӣ созам чора бо он шӯхи сангиндил
Абдураҳмони Ҷомӣ Чӣ гӯям, к-аз ғамат чун метапад дил
Абдураҳмони Ҷомӣ Зад зи ғунча бори дигар хайма бар гулзор гул
Абдураҳмони Ҷомӣ Мехиромад сӯйи бустон шоҳиди раънои гул
Абдураҳмони Ҷомӣ Имрӯз зи шавқат ҳама сӯзу ҳама дардам
Абдураҳмони Ҷомӣ Нодида рухат умре савдои ту варзидам
Абдураҳмони Ҷомӣ Наёям сӯйи ту, ҳарчанд сӯзад шавқи дидорам
Абдураҳмони Ҷомӣ Сина шикофам ҳар саҳар, к-ояд сабо з-он манзилам
Абдураҳмони Ҷомӣ Гил шуд ҳарими кӯят аз ашки лолагунам
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР