Абдураҳмони Ҷомӣ

Бода пок асту қадаҳ поку ҳарифон ҳама пок

Бода пок асту қадаҳ поку ҳарифон ҳама пок,
Умр агар дар раҳи покон шавадам сарф, чӣ бок?

Ба риё таъна мазан пири муғонро, ки бувад
Соҳати исматаш аз висмати¹ ин ориза пок.

Рафт дар кӯйи ту сад сар, ки касе теғ надид,
Пурдиле ку, ниҳад пой ба майдони ҳалок?

Гар наёвехта дар домани гул хори ғамат,
Рух чаро шуста ба хунобу гиребон зада чок?

Рӯй бинмо, ки равам заррасифат рақскунон
То ба сарманзили хуршед аз ин дайри мағоқ.

Муҳр бикшо зи лаби лаъл, ки бемори туро
Шарбат аз дасти Масеҳо нафитад фоиданок.

Соя бар турбати Ҷомӣ фиган, ай сарви баланд,
Нест аз сарв аҷаб, гар фиганад соя ба хок.

¹ Висмат – нуқсон, айб.