Бе рухат чун ба чаман роҳ кунам

Бе рухат чун ба чаман роҳ кунам,
Сӯйи гул бингараму оҳ кунам.

Шарҳи ҳолам чу ғам орад, ҳошо,
Ки зи ҳоли худат огоҳ кунам.

Қиссаи ҳаҷр дарозу ту малул,
Адаб он аст, ки кӯтоҳ кунам.

Кафш зан аз сари хорӣ ба сарам,
То кулоҳи шарафу ҷоҳ кунам.

Қасди ман рӯйи ту бошад ҳар ҷо,
Зикри меҳру сифати моҳ кунам.

Ҳар шабе то сари кӯят ҷонро
Ҳамраҳи оҳи саҳаргоҳ кунам.

Гар дилат мурдани Ҷомӣ хоҳад,
Кор бар мӯҷиби дилхоҳ кунам.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»