Меҳри рухсори ту дорам, ки ҷафои ту кашам

Меҳри рухсори ту дорам, ки ҷафои ту кашам,
Лутфи болои ту бинам, ки балои ту кашам.

Бар замин пойи ту ҳайф аст, амон деҳ, ки нахуст
Пардаи дидаву дил дар пайи пойи ту кашам.

Танам аз заъф чу мӯйе шуду хоҳам ба ғалат
Ҳар дамаш дар шикани зулфи дутои ту кашам.

То наёбад ба ту кас роҳ, агар битвонам,
Суре аз кӯҳи бало гирди сарои ту кашам.

Ҳалқаи думми сагонат ба ман арзонӣ бод,
То ки дар гардани ҷон тавқи вафои ту кашам.

Чун ниҳӣ рӯ ба ҷудоӣ, зи қафо зулфкашон
Ман ба ҳар гом сад афғон зи қафои ту кашам.

Гуфтаӣ: – Чанд кашӣ ранҷу ғами ман, Ҷомӣ?
Ҳеҷ ғам нест зи ранҷе, ки барои ту кашам!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»