То кай ороми дили бехабаронат бина

То кай ороми дили бехабаронат бинам,
Мардуми дидаи кӯтаҳназаронат бинам?

Рӯйи ту ойинаи нури ҷамоли азал аст,
Чанд пеши назари бебасаронат бинам?

Меравам аз сари кӯят, чӣ кунам, натвонам,
Ки аз ин беш ҳарифи дигаронат бинам.

Туӣ он гулбуни навхез, ки дар боғи ҷамол
Тоза аз гиряи хунинҷигаронат бинам.

Гуфтаам, сангдили сахт, туро дар ҳама ҷой
Ҷойи он ҳаст, ки бо хеш гаронат бинам.

Ҳеҷ хотирнигароним намонад ба ҷаҳон,
Гар суйи худ ба тараҳҳум нигаронат бинам.

Ҷомӣ, ин гуна к-аз он ғунчадаҳон тангдилӣ,
Зуд бошад, ки чу гул ҷомадаронат бинам.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»