GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳастам зи ҷон ғуломат, аммо гурезпоям

Ҳастам зи ҷон ғуломат, аммо гурезпоям,
Сад борам ар фурӯшӣ, бугрезаму биёям.

Гоҳам рақиб хонӣ, гоҳе саги дари худ,
Он номро нахоҳам в-ин лутфро нашоям.

Дилро сабурӣ аз ту як лаҳза нест мумкин,
Сад бораш озмудам, дигар чӣ озмоям?

Баст аз тафи дилам занг ойинавор гардун,
Акнун ба сайқали оҳ он занг мезудоям.

Ҳар гаҳ ба қасди қатлам тири ҷафо кушоӣ,
Баҳри бақои умрат дасти дуо кушоям.

Ҳарчанд бо сагонат хуш нест худнамоӣ,
Худро зи хели эшон ҳар лаҳза менамоям.

Ҳар дам магӯ, ки Ҷомӣ, то кай сухан гузорӣ,
Аз шавқи туст, ҷоно, к-ин нағма месароям.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Ишқ ба кишвари вафо дод навиди шоҳиям
Абдураҳмони Ҷомӣ Нестам чун ёр туркигӯ, вале то зиндаам
Абдураҳмони Ҷомӣ Манзил накарда дил ҳанӯз андар ҳарими синаам
Абдураҳмони Ҷомӣ Умрест дил ба меҳру вафои ту бастаем
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай дилам аз ту ғарқи хун, дидаи ашкбор ҳам
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷон доғи ту дорад, ҷигари ғарқа ба хун ҳам
Абдураҳмони Ҷомӣ Зиҳӣ, қаддат ниҳоли гулшани чашм
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар ҷо, ки кунам хона, ҳамхона туро ёбам
Абдураҳмони Ҷомӣ Хаёле буд, ё Раб, дӯш ё дар хоб медидам
Абдураҳмони Ҷомӣ Басе сӯзанд аз он шамъи дилафрӯзе, ки ман дорам
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР