Эй ки раҳмат менаёяд бар манат

Эй ки раҳмат менаёяд бар манат,
Офарин бар ҷону раҳмат бар танат!

Қоматат гӯям, ки дилбанд асту хуб,
Ё сухан, ё омадан, ё рафтанат?!

Шармаш аз рӯи ту бояд офтоб,
К-андарояд бомдод аз равзанат.

Ҳусни андомат намегӯям ба шарҳ,
Худ ҳикоят мекунад пироҳанат.

Эй ки сар то поят аз гул хирман аст,
Раҳмате кун бар гадои хирманат.

Моҳрӯё, меҳрбонӣ пеша кун,
Сирате чун сурати мустаҳсанат¹.

Эй ҷамоли Каъба, рӯе боз кун,
То тавофе мекунам пироманат.

Даст гир ин панҷ рӯзам дар ҳаёт,
То нагирам дар қиёмат доманат.

Азм дорам, к-аз дилат берун кунам²
В-андаруни ҷон бисозам макманат.

Дарди дил бо сангдил гуфтан чӣ суд?
Боди сарде медамам дар оҳанат.

Гуфтам: Аз ҷаврат бирезам хуни хеш,
Гуфт: Хуни хештан дар гарданат!

Гуфтам: Оташ дарзанам офоқро,
Гуфт: Саъдӣ, дар нагирад бо манат.


¹ Некӯву писандида.
² Туро аз дилам берун кунам.