Ман басе хубони олам дидаам

Ман басе хубони олам дидаам,
Чун ту дар олам касе кам дидаам.

Чашми ман бенам мабодо, гар гаҳе
Чашми худро бе ту бенам дидаам.

Чун сари зулфи ту пушти ман хам аст,
То сари зулфи ту пурхам дидаам.

Бар дили ғамдида захмат раҳмат аст,
Раҳмате кун, бар дили ғамдидаам.

Роҳате, к-аз захми ту бинам, куҷо
Ҳаргиз он роҳат зи марҳам дидаам?

Ҳар чӣ Лайлӣ дошт, дорӣ в-аз ғамаш
Он чӣ Маҷнун дид, ман ҳам дидаам.

Сӯхта маҳрумии Ҷомӣ дилам,
Ҳар киро пеши ту маҳрам дидаам.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»