Аҷаб дардест дар ҷонам, ки дармонаш намедонам

Аҷаб дардест дар ҷонам, ки дармонаш намедонам,
Зи оғозаш наям огоҳу поёнаш намедонам.

Чу чавгон бозад он маҳ, ҷуз сари мардони дин он ҷо
Нашояд, гӯ, касеро марди майдонаш намедонам.

Гузашт он сарви гулрух доманафшон бар чаман рӯзе,
Абири ҷайби гул ҷуз гарди домонаш намедонам.

Сафои тан диҳад рози дилаш, берун қабо омад
Ҳиҷоби ман, ки дар дил рози пинҳонаш намедонам.

Чу хоҳад лаб газад, хоҳам ниҳам ҷон зери дандонаш,
Ки азбас лутфи тоби захми дандонаш намедонам.

Нахоҳам фусҳати боғу мусалсал обҳо дар вай,
Ки бе дидори ӯ ҷуз банду зиндонаш намедонам.

Мусулмонӣ бувад баҳри бутон дил бохтан, Ҷомӣ,
Аз ин дин ҳар кӣ баргардад, мусулмонаш намедонам.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»