Биё, ҷоно, ки танг омад зи ҳиҷронат ҷаҳон бар ман

Биё, ҷоно, ки танг омад зи ҳиҷронат ҷаҳон бар ман,
Ба поят то кашам ҷонро, гузар доманкашон бар ман.

Диле дорам ман аз меҳри ту пур в-аз дигарон холӣ,
Чӣ бошӣ меҳрбон бар дигарон, номеҳрбон бар ман?

Чӣ бок, ар кӯҳҳои ғам ниҳодӣ баҳри ман бар ҳам,
Ки миннатҳост аз ту аз замин то осмон бар ман.

Чу аз хунам шавад гил остонат, дар замин ғалтам,
Ки гардад хилъати раҳмат гили ин остон бар ман.

Фитад бар риштаи ҷонам гираҳ аз лаъли хомӯшат,
Маозаллаҳ, аз он рӯзе, ки накшоӣ забон бар ман!

Танам сар то қадам пур шуд зи пайконҳои ту з-ин сон,
Ки ҳамчун кӯҳи оҳан коргар н-ояд синон бар ман.

Сабукборам махоҳ аз кӯҳи андӯҳи бутон, Ҷомӣ,
Ки меояд хаёли ин сабукборӣ гарон бар ман.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»