GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Мани дилхаста ҳар дам баҳри он нозукбадан мирам

Мани дилхаста ҳар дам баҳри он нозукбадан мирам,
Гаҳ аз ранги қабо, гоҳе зи бӯйи пераҳан мирам.

Чу соя аз сарам бардошт он сарви равон боре,
Равам бар ёди ӯ дар сояи сарви чаман мирам.

Шаҳиди ишқро ҷуз ман касе мотам намедорад,
Кӣ хоҳад мотами ман доштан рӯзе, ки ман мирам?

Гар аз пероҳанаш як ришта пайванди кафан бинам,
Занам пероҳани ҷон чоку аз завқи кафан мирам.

Чунин, к-аш тешаи ғам синаам сад пора шуд охир,
Аз он шириндаҳан бо доғи дарди Кӯҳкан мирам.

Рав, ай ҳамдам, ту дар базми тараб бо дӯстон хуш зӣ,
Маро бигзор, то танҳо дар ин байт-ул-ҳазан мирам.

Яке дам нагсалад, Ҷомӣ, дилам з-он шӯхи ошиқкуш,
Аҷаб, гар бо чунин дил ман ба марги хештан мирам!

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Гуҳар, к-аз васфи он лабҳои шаккарханд мерезам
Абдураҳмони Ҷомӣ Ман, ай соқӣ, на онам, к-аз майи гулранг бигрезам
Абдураҳмони Ҷомӣ Мо на он қавмем, к-аз бори касе гардан кашем
Абдураҳмони Ҷомӣ Хез, то рахт ба сарманзили инсоф кашем
Абдураҳмони Ҷомӣ Наёсояд кас аз афғони ман ҷойе, ки ман бошам
Абдураҳмони Ҷомӣ Дар даври лабат бе маю паймона набошам
Абдураҳмони Ҷомӣ Мани бесабру дил, к-он шакли зебо ҳар замон бинам
Абдураҳмони Ҷомӣ Чӣ ҳусн аст ин, ки гар ҳар дам рухатро сад назар бинам
Абдураҳмони Ҷомӣ Ба роҳи тавсанаш сад нозанинро хок мебинам
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷудо зи лоларухи худ баҳорро чӣ кунам?
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР