Хуршеду моҳро чӣ баробар кунам ба ту?

Хуршеду моҳро чӣ баробар кунам ба ту?
Биншин даме, ки дида мунаввар кунам ба ту.

Мушкин шамомаест занахдони ту зи хат,
Пеш ой, то машом муаттар кунам ба ту!

Бингар миёни хеш, чӣ ҳоҷат, ки ман ба мӯй
Ташбеҳи заъфи ин тани лоғар кунам ба ту?

Бо ҳеҷ офарида туро нест нисбате,
Тарсам, к-аз ин ақидаи дигар кунам ба ту.

Рӯят биҳишту лаъли ту Кавсар бувад, чаро
Зикри биҳишту чашмаи Кавсар кунам ба ту?

Чун меравӣ зи дида, ба сурат маҷол деҳ,
К-ойинаи хаёл мусаввар кунам ба ту.

Тақриби зикри Ҷомию таҳрири ҳоли ӯст,
Чун васфи ошиқони суханвар кунам ба ту.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»