Ай зи сунбул хатти ту бар гул ниқоб андохта

Ай зи сунбул хатти ту бар гул ниқоб андохта,
Зулфи шабрангат бар авҷи маҳ таноб андохта.

Ҷаъди тар дорӣ ба рух ё роқими хатти лабат,
Шуста мушкин лоқаву бар офтоб андохта.

Аз лабат дил дар хаёли Оби Ҳайвон ташна аст,
Бар умеди об худро дар сароб андохта.

Аз латофат рӯйи ту хат менамояд зери пӯст,
Сабзаи тар, гӯиё, акс андар об андохта.

Турраи пурхам, ки шуд мӯйи миёнатро камар,
Бар раги ҷонам ҳазорон печутоб андохта.

Дил, ки аз ғам сӯхт, аз бӯяш мани бехуд хушам,
Ҳамчу он масте, ки бар оташ кабоб андохта.

Ай хуш он шабҳо, ки Ҷомӣ рух ба поят судааст,
Чун ту воқиф гаштаӣ, худро ба хоб андохта.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»