Абдураҳмони Ҷомӣ

Ман, ай соқӣ, на онам, к-аз майи гулранг бигрезам

Ман, ай соқӣ, на онам, к-аз майи гулранг бигрезам,
Майи гулранг деҳ, к-аз ақли пурнайранг бигрезам.

Зи шаҳристони ҳастӣ рӯ ба кунҷи нестӣ орам,
Ба саҳрои фарох аз гӯшаҳои танг бигрезам.

Чунон аз худпарастон даҳшате дорам, ки гар бинам,
Зи як фарсангашон, хоҳам ба сад фарсанг бигрезам.

Ту хоҳӣ лутф, хоҳӣ қаҳр кун, ҷонона онам ман,
Ки бошам бо ту вақташ оштӣ в-аз ҷанг бигрезам.

Саги ин кӯям, аммо баҳри ту не, баҳри худ, ҳошо,
Ки баҳри луқма оям бар дарат в-аз санг бигрезам.

Чунон дар пардаи дил унс шуд бо нағмаи дардам,
Ки хоҳам аз садои уду савти чанг бигрезам.

Ба роҳи он саворам пойи дил чун ланг шуд, Ҷомӣ,
Чӣ сон аз хамми фитрокаш ба пойи ланг бигрезам?