Вақти гул тарки маю ҷом, ки чӣ?

Вақти гул тарки маю ҷом, ки чӣ?
Дурӣ аз ёри гуландом, ки чӣ?

Маҷлисорост гули тавбашикан,
Тавба аз бодаи гулфом, ки чӣ?

Майпарастон ҳама дар рақси тараб,
Гар гаронҷон найӣ, ором, ки чӣ?

Сухани ишқ магӯ бо зоҳид,
Нуктаи хос бари ом, ки чӣ?

Гӯш бар туст дуогӯёнро,
Зери лаб додани дашном, ки чӣ?

Куштаи чашми туам, зулф бипӯш,
Мурғи бисмилшударо дом, ки чӣ?

Чанд аз он лаб талабӣ, Ҷомӣ, ком,
Пеши аҳли карам ибром¹, ки чӣ?


¹ Ибром – исрор, истодагарӣ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»