Гулро фарози шох бин дар ҷилваи ноз омада

Гулро фарози шох бин дар ҷилваи ноз омада,
Шарҳи ниёзи хешро булбул навосоз омада.

Домони дашту гулшан аз лаълу зумуррад пур шавад,
З-ин сон, ки ганҷури замин ганҷинапардоз омада.

Шуд лола шамъи базми гул, инак бибин парвонасон
Резон шукуфа дам ба дам сӯяш ба парвоз омада.

Пас зиндадил, к-аз ҷоми гул хӯрда майи завқу тараб,
Ҳушёр рафта то чаман, масту сарандоз омада.

Дар коргоҳи ошиқӣ бин наврасони боғро,
Гул тахти манзурӣ зада, наргис назарбоз омада.

Бас нуктадон, к-аз булбулон чун карда гӯш авсофи гул,
Дар гӯши ҷонаш нуктаҳо аз пардаи роз омада.

З-овози мурғон аз чаман рафта садо то савмаа,
Сӯфӣ ба сар ғалтон шуда, дунболи овоз омада.

Ман ишқу мастӣ аз азал овардаам бо худ, бале,
Анҷоми кори ҳар касе бар вафқи¹ оғоз омада.

З-ин шеъри нав шуд пуршарар, Ҷомӣ, Хуросон, гӯиё
Аз килки Саъдӣ нуктае ширин зи Шероз омада.


¹ Вафқ – мувофиқи..., мутобиқи...

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»