Сарви ман, бар рухи гул ҷаъди сумансой манеҳ

Сарви ман, бар рухи гул ҷаъди сумансой манеҳ,
Гирди маҳ силсилаи зулфи шабосой манеҳ.

Бин гирифтории аҳли назар, аз баҳри Худо,
Дида бар акси рухи ойинаорой манеҳ.

Бо хаёли лаби майгуни туам вақт хуш аст,
Бар кафам соғари лаъли тарабафзой манеҳ.

То дар афсонаи васлем, дам аз ҳаҷр мазан,
Заҳр дар туъмаи мурғони шакархой манеҳ.

Ҳусни худ бар дили ҳар бехабаре арз макун,
Ишқи ту ганҷи нафис аст, ба ҳар ҷой манеҳ.

Дилам афтод ба ишқи ту зи худроии хеш,
Доғ бар ман ба гуноҳ аз дили худрой манеҳ.

Рехт Ҷомӣ гуҳари назм ба поят, ки марав,
Қавли бадгӯ машунав, бар суханаш пой манеҳ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»