GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ба роҳи тавсанаш сад нозанинро хок мебинам

Ба роҳи тавсанаш¹ сад нозанинро хок мебинам,
Сари чандин азизаш баста бар фитрок мебинам.

Ба теғи ғамза хоҳад рехт хуни сад мусулмонро
Чунин, к-он турки кофиркешро бебок мебинам.

Ҳамерӯбам ба мижгон, то нагардад пояш озурда,
Ба хоки роҳи ӯ ҳар ҷо хасу хошок мебинам.

Зи шавқи накҳати пероҳанаш ҳар субҳ дар гулшан
Либоси ғунча пора, ҷомаи гул чок мебинам.

Надорат чустие он шӯх дар дилҷӯии ёрон,
Вале дар куштани ҳар бедилаш чолок мебинам.

Маро ҳоли дили овораи худ ёд меояд,
Зи дарди ошиқӣ ҳар ҷо диле ғамнок мебинам.

Чӣ шуд бечора Ҷомиро дар ин шабҳои ғам, ё Раб,
Ки номи ӯ зи лавҳи зиндагонӣ пок мебинам.

¹ Тавсан – асп.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷудо зи лоларухи худ баҳорро чӣ кунам?
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар замон гӯям, ки аз дил меҳри ӯ берун кунам
Абдураҳмони Ҷомӣ Аз ишқ табарро чӣ кунам, чун натавонам
Абдураҳмони Ҷомӣ Сӯйи саҳро не пайи айшу тамошо меравам
Абдураҳмони Ҷомӣ Зулфи ту умри мост мегӯем
Абдураҳмони Ҷомӣ Биё, ай ашк, то бар ҳоли зори хештан гирям
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар кас, ки бинад он лаъли хандон
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай шаҳи тангқабоён, маҳи зарринкамарон
Абдураҳмони Ҷомӣ Бикшод ниқоб аз рухи гул боди баҳорон
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳикоят кард бод аз гул, гул аз пероҳани ҷонон
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР