Ай маро аз оташи савдои ту ҷон сӯхта

Ай маро аз оташи савдои ту ҷон сӯхта,
Пераҳан аз тан, тан аз дил, дил зи ҳиҷрон сӯхта.

Оташи дил барзада аз синаи чокам алам,
Куҳнадалқам аз гиребон то ба домон сӯхта.

Дар миёни оташу обам зи дидори ту дур,
Ашки пайдо ғарқа карда, доғи пинҳон сӯхта.

Мефиристам сӯйи ту дар шаҳри ҳиҷрон номае,
Аз сиришку оҳ мазмун шуста, унвон сӯхта.

Ҷаста з-оҳи ташнагони Каъбаи васли ту барқ,
Дар биёбон оташ афтода, мағелон сӯхта.

Шамъи гул гар доштӣ тоби ту, будӣ ҳар саҳар
Ҳамчу парвона ҳама мурғони бустон сӯхта.

Чун зи Ҷомӣ як ғазал нанвиштӣ, ай мушкинғизол,
Лаб фурӯ баста, қалам бишкаста, девон сӯхта.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»