Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷудо зи лоларухи худ баҳорро чӣ кунам?

Ҷудо зи лоларухи худ баҳорро чӣ кунам?
Ҳазор доғ ба дил, лолазорро чӣ кунам?

Зи хуни дида канорам пур аст, бе лаби ёр,
Канори кишту лаби ҷӯйборро чӣ кунам?

Гирифтам он ки кунам дидаро ба гул машғул,
Даруни ҷон зи ту сад хор-хорро чӣ кунам?

Ба тавфи боғ ғами рӯз агар барам берун,
Балову меҳнати шабҳои торро чӣ кунам?

Ғуборе аз раҳи он мушкбӯ ғизол расид,
Ба ҷуз абири кафан он ғуборро чӣ кунам?

Шикофи сина тавонам, ки бандам аз марҳам,
Таровиши мижаи ашкборро чӣ кунам?

Малулам аз ду ҷаҳон бе ҷамоли ӯ, Ҷомӣ,
Чу ёр нест ба даст, ин диёрро чӣ кунам?