Ай шакли қаддат пайкаре аз сими соро рехта

Ай шакли қаддат пайкаре аз сими соро рехта,
Ҳар дам зи шоҳон лашкаре сарҳо-т дар по рехта.

То шуд дар ин бустонсаро сарви қадат болонамо,
Ҳар лаҳза тӯфони бало бар мо зи боло рехта.

Чун офтоб инак шароб андар ҳилол афканд тоб,
Рӯят зи тоби офтоб аз маҳ Сурайё рехта.

Чашмам зи хун шуд мавҷзан, бин, лолаҳо хунинкафан,
З-он хун, ки абр аз чашми ман бар кӯҳу саҳро рехта.

З-ашкам, ки аз дил сар зада, нақши вафо бар зар зада,
Хунин гиё сар барзада, як қатра ҳар ҷо рехта.

Дода рақибатро амон аз ранҷи тан даври замон,
Бодо ба ҷонаш з-осмон марги муфоҷо рехта.

З-ин сон, ки чашмат теғи кин ҳар дам кашад бар ону ин,
Мушкил, ки монда з-аҳли дин хуни касе норехта.

Аз хӯйи ту мо ғуссакаш, тардоманон з-ӯ гашта х(в)аш,
Мо кишти хушк, ӯ абрваш борон ба дарё рехта.

Ҷомӣ, к-аз анфоси равон бахшад ба ҳар дилмурда ҷон,
Нузле¹ бар ӯ з-ин сабзхон рӯҳи Масеҳо рехта.


¹ Нузл – хӯрданиҳое, ба пеши меҳмон мегузоранд, зиёфат.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»