Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё, ай ашк, то бар ҳоли зори хештан гирям

Биё, ай ашк, то бар ҳоли зори хештан гирям,
Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тори хештан гирям.

Надорам меҳрбоне, то ба ҳоли ман кунад гиря,
Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳоли зори хештан гирям.

Маро ҳам дар ғарибӣ шӯхчашме офати ҷон шуд,
Нагӯйӣ, к-аз ғами ёру диёри хештан гирям.

Набошад дар баҳорон дур аз абри чаман гиря,
Ман он абрам, ки дур аз навбаҳори хештан гирям.

Мадад фармо, бихон, ай дил, чу дар чашмам намонд обе,
Ки хоҳам имшаб аз ҳиҷрони ёри хештан гирям.

Зи ҳиҷрон буд гиря бештар аз ваъдаи васлат,
Кунун аз дарду доғи интизори хештан гирям.

Магӯ, Ҷомӣ, нашояд гиря аз бедоди маҳрӯён,
Ки ман чандин зи бахти хоксори хештан гирям.