Дар вақти гул, ай булбул, фарёд басе дорӣ

Дар вақти гул, ай булбул, фарёд басе дорӣ,
Хуш вақти ту, к-аз ҳар гул фарёдрасе дорӣ!

Аз қофилаи Лайлӣ гар вопасӣ, ай Маҷнун,
Ин бас, ки ба гӯш аз вай бонги ҷарасе дорӣ!

Аз кӯйи вай, ай зоҳид, моил суйи фирдавсӣ,
Гар нағлатам¹, аз бустон рӯ дар қафасе дорӣ.

Парвонасифат ҳар кас гирди сари ту гардон,
Лекин ту куҷо ҳаргиз парвои касе дорӣ!

Аз баҳри Худо, бигсил пайванди рақиб аз худ,
То чанд чу гул доман дар қайди хасе дорӣ?

Кардӣ ба дил, ай сӯфӣ, асбоби ҷаҳон ширин,
Бо даъвии товусӣ шуғли магасе дорӣ!

Аз меҳри бутон, Ҷомӣ, ҳар лаҳза барорӣ дам,
Чун субҳ дар ин маънӣ равшан нафасе дорӣ.


¹ Нағлат – аз нағил: паноҳгоҳ, ки дар доманаи кӯҳ барои рама канда мешавад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»