На башар хонамат, ай дӯст, на ҳуру на парӣ

На башар хонамат, ай дӯст, на ҳуру на парӣ,
Ин ҳама бар ту ҳиҷоб аст, ту чизи дигарӣ.

Нури покиву фасона-ст ҳадиси гилу об,
Лутфи маҳзию баҳона-ст либоси башарӣ!

Ҷилваи ҳусни ту аз шакл мубаррост, вале
Метавонӣ, ки ба ҳар шакл кунӣ ҷилвагарӣ.

Ҳеҷ сурат натавонад, ки кунад банд туро,
Дар сувар зоҳирӣ, аммо на асири суварӣ!

Ҷон ҳамедонамат он дам, ки ниҳон меоӣ,
Умр мехонамат он ҷо, ки равон мегузарӣ!

Ҳадди андеша набошад сифати хубии ту,
Ҳар чӣ андеша кунад хотир, аз он хубтарӣ!

Дар мароёи¹ сувар нозири манзур туӣ,
Ваҳдати зоти ту аз ваҳми дуӣ ҳаст барӣ.

Мекунӣ ҷилва нахуст аз рухи хубони ҷаҳон,
Он гаҳ аз дидаи ушшоқ дар он менигарӣ.

Гарна аз дидаи ушшоқ ту бошӣ нозир,
Кист, Ҷомӣ, ки кунад даъвии соҳибназарӣ?!


¹ Мароё – ҷ. миръот; ойинаҳо.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ВОСИТАТУ-Л-ИҚД»