Пора-пора дили ҳазини маро

Пора-пора дили ҳазини маро,
Бин шарор оҳи оташини маро.

Пок мекардам ашки хеш зи рух
Ғарқи хун сохт остини маро.

Чашми ту гар дилам рабуд, чӣ бок,
Чун саломат гузошт дини маро.

Баски судам ба роҳи ноқаи ту
Бин чу зонуи ӯ ҷабини маро.

Рух зи дурам намудӣ андар роҳ,
Зад раҳи ақли дурбини маро.

Хатти ту саф кашида мӯронанд,
Ки камар бастаанд кини маро.

Бе ту мемурд Ҷомиву мегуфт,
Ки бақо бод нозанини маро.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»