Абдураҳмони Ҷомӣ

Пиёда сӯйи чаман, сарви ман, гузор макун!

Пиёда сӯйи чаман, сарви ман, гузор макун!
Ба сабзаву суман он пойро фигор макун!

Ба хун нишаст гул аз рашки сабза, баҳри Худо,
Ки побараҳна дигар гашти ҷӯйбор макун!

Гул аст он кафи по, гул ба пеши ӯ хоре,
Ба хоки по-т, ки озори гул ба хор макун!

Ба ханҷари ситаму ҷавр синаам машикоф,
Чу лола доғи ниҳони ман ошкор макун!

Чу хӯйи талхи туам ноумед хоҳад кушт,
Маро ба ишваи ширин умедвор макун!

Ба мардум аз ту басе лофи обрӯ задаам,
Марон ба хориям аз пешу шармсор макун!

Намонд дил, ки зи дарди ту хун нашуд, Ҷомӣ,
Худойро, ки чунин нолаҳои зор макун!