Ид шуду оламе куштаи ҷавлон туро

Ид шуду оламе куштаи ҷавлон туро,
То ки қабул уфтад аз ҳама қурбон туро.

Лаъли суми тавсанат ҳайф бувад бар замин,
Дидаи ушшоқ бод арсаи майдон туро.

Бурдани дилҳо-т кор, ғорати динҳо шиор,
Беҳ, ки наяфтад дучор ҳеҷ мусулмон туро.

Теғи сиёсат бикаш, хуни асирон бирез,
Давлати хубӣ чу дод ҳашмати султон туро.

Мефиганӣ тиру ман ранҷа, ки ногаҳ барад
Ин ҷигари оташин об зи пайкон туро.

Абри сияҳ, гӯ, саҳар равзани машриқ бибанд,
Матлаи хуршед бас чоки гиребон туро.

Роҳиларо, Ҷомиё, реги Ҳарам соз ҷо,
Чанд кунад пойбанд хоки Хуросон туро.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»