Ҳар шабе аз ту дар ин гӯшаи кошона ҷудо

Ҳар шабе аз ту дар ин гӯшаи кошона ҷудо,
З-оташам шамъ ҷудо сӯзаду парвона ҷудо.

Мурдаву зинда малулам зи мулоқоти рақиб,
Ҳаст деринмасале: – Гӯр ҷудо, хона ҷудо.

Чу зи бегонагият гиря кунам бар ғами хеш,
Аз ғамам хеш ҷудо гиряду бегона ҷудо.

Дил, ки маҳрум нишаста-ст аз он оразу хол,
Монда мурғест ҳам аз об, ҳам аз дона ҷудо.

Чунки машшотасифат чеҳраву зулфороӣ,
Кушад аз ғайратам ойина ҷудо, шона ҷудо.

Ай, хуш он муфлиси аз пойфитода зи хумор,
К-аш сабӯ даст ҷудо гираду паймона ҷудо.

Назми Ҷомӣ дигару гуфтаи воиз дигар аст,
Сирри тавҳид ҷудо бошаду афсона ҷудо.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»