Зулфи маъшуқ ба дасти дигарон аст имшаб

Зулфи маъшуқ ба дасти дигарон аст имшаб,
Навбати давлати кӯтаҳназарон аст имшаб.

Ҳамдаме нест, ки бошад ба қадаш хилъати ишқ,
Ку на чун субҳ зи ғам ҷомадарон аст имшаб.

Гаҳ ба ғам, гоҳ ба мотам гузарад, шукри Худой,
Ки ба ҳар ҳол ба зудӣ гузарон аст имшаб.

Бошад он моҳ ба сарманзили мо орад рӯй,
Чашми умед ба ҳар сӯ нигарон аст имшаб.

Нест ҷуз хуни ҷигар аз мижа, дур аз лаби ӯ
Он чи дар соғари хунинҷигарон аст имшаб.

Дуди оҳам, ки ба анҷум шуда, бар рози шабам
Пардаи дидаи равшанбасарон аст имшаб.

Бошад аз дӯст хабар мояи шодиву тараб,
Ҷомии ғамзада аз бехабарон аст имшаб.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»