То гашт ҷо ба гӯшам овозаи ҷамолат

То гашт ҷо ба гӯшам овозаи ҷамолат,
Хилватсарои дил шуд ҷавлонгаҳи хаёлат.

Дар ҳаҷри ту бимурдам нашмида бӯйи васлат,
Дар доми ту фитодам нодида зулфу холат.

Ту шоҳи мулки ҳуснӣ, ман тангдил гадое,
Дар хотирам нағунҷад андешаи висолат.

Шарҳи маломати хеш аз ҳаҷри ту чӣ гӯям,
Тарсам, ки табъи нозук гирад аз он малолат.

Бар осмон натобад моҳе ба эҳтиромат,
Дар бӯстон нарӯяд сарве ба эътидолат.

Аз осмон маҳ афтад дар саҷда бар заминат,
Гар бар замин битобад як гӯша аз ҳилолат.

Гуфтӣ, ки сурхрӯ шуд Ҷомӣ зи назми рангин,
Оре, зи гуфтаи худ дорад басе хиҷолат.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»