Моҳе, ки хест дар шаҳр аз рафтанаш қиёмат

Моҳе, ки хест дар шаҳр аз рафтанаш қиёмат,
Шуки Худо, ки омад боз аз сафар саломат.

Ман шоҳи тахти ишқам тоҷи шараф ба фарқам,
Санге, ки бар сари ман меояд аз маломат.

Ишқам надими ҷон шуд, бе ишқ агар зи ҷонам
Рӯзе даме баромад, дорам бар он надомат.

Бар рағми шайхи шаҳрам пири муғон диҳад май,
Пеши ман ин карам ҳаст афзун зи сад каромат.

Гар васфи гул нависам ё ҳоли сарв гӯям,
Инҳо ҳама киноят з-он ораз асту қомат.

Чашмам кунад назора он рӯю дил шавад хун,
Он мекунад ҷиноят в-ин мекунад ғаромат.

Ҷомӣ ба азми Каъба дигар набаст маҳмил,
То шуд ҳарими дайраш сарманзили иқомат.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»