Абдураҳмони Ҷомӣ

Ин манам, ё Раб, ба дарди ошиқӣ зор инчунин

Ин манам, ё Раб, ба дарди ошиқӣ зор инчунин,
Кас мабодо дар ҷаҳон ҳаргиз гирифтор инчунин!

Ай ки мебинам туро акнун инони дил ба каф,
Ҳоли ман бин, дил мадеҳ аз даст зинҳор инчунин!

На зи бахтам рӯйи ёрӣ, не зи ёр уммеди лутф,
Оҳ, ман чун мезиям, бахт ончунон, ёр инчунин?!

Дархури меҳру вафо гар нестам, баҳри Худо,
Аз ҷафоҳои худам маҳрум магзор инчунин.

Дил надодам, то надидам аз ту сад лутфу карам,
Ман чӣ донистам, ки хоҳӣ шуд ситамгор инчунин?

Нури чашми ман, чӣ воқеъ шуд, гуноҳи ман чӣ буд,
К-аз назар андохтӣ моро ба як бор инчунин?

Ҳаргизам рӯзе напурсидӣ, ки аҳволи ту чист?
Кай раво бошад, ки бошад ёр бо ёр инчунин?

Гар ба теғи ишқ Ҷомӣ кушта шуд, тадбир чист?
Ишқ агар ин аст, хоҳад кушт бисёр инчунин.