Ин кулба нишемани ниёз аст

Ин кулба нишемани ниёз аст,
Хилватгаҳи маҳрамони роз аст.

Чун хонаи чашми аҳли биниш,
Бар рӯйи хасон дараш фароз аст.

Ҳар нақши аҷаб дар ӯ, ки бинӣ,
Ойинаи сунъи нақшсоз аст.

Хуш он ки зи ҳар китоб дар вай
Бар шоҳиди илм дида боз аст.

Он шоҳиди хуш, ки бар рухи ӯ
Аз хатти варақ ниқоби ноз аст.

Шоҳид ин аст дар ҳақиқат
Боқӣ ҳама сурати маҷоз аст.

Кӯтоҳ кун ин ҳадис, Ҷомӣ,
К-афсонаи шоҳидон дароз аст.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»