Ҳамоно ояти саҷда-ст хат аз мусҳафи рӯят

Ҳамоно ояти саҷда-ст хат аз мусҳафи рӯят,
Ки ҳар к-аш хонд, орад саҷда дар меҳроби абрӯят.

Туӣ он Юсуфи ғоибшуда аз ман, ки дар бустон
Зи ҳар пиромуни гул дар машом ояд маро бӯят.

Ба қасди дидани акси ту ҳар дам дар хаёл орам
Зи оби дида ҷӯеву нишонам бар лаби ҷӯят.

Наёрад шона кардан гесуятро дасти машшота,
Зи бас дилҳо, ки мебинад гираҳ дар ҳар хами мӯят.

Рақиби ту дарахти хору ту шохи гулӣ, ё Раб,
Дар ин бустон канад дасти аҷал зудаш зи паҳлуят.

Хуш он шабҳо, ки ҳам ман, ҳам туро хоб ояд аз мастӣ,
Ту сар бар болиши роҳат ниҳӣ, ман сар ба зонуят.

Марон аз кӯйи худ ҳамчун саги бегона Ҷомиро,
Ки дорад ошноии қадимӣ бо саги кӯят.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»